«Барқи Тоҷик»: қарзи осебдидагонро мебахшем!

Июль 28, 2015 12:22

       Душанбе, 28.07.2015 (АМИТ «Ховар, Манижа Баҳромзода).- Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, қарзи хонаводаҳоеро, ки аз селфароиҳои охир дар кишвар зарар дидаанд, мебахшанд.
       Ҷамшед Бобозода, муовини аввали раиси ширкати «Барқи тоҷик» зарари обхезиҳои вақтҳои охирро ба деҳаҳои ВМКБ, ноҳияи Рашт ва дигар ноҳияҳои вилояти Суғд фоҷиаи гарон номида, аз ҷумла гуфт, ки  барои таъмини ин оилаҳо бо барқ  кумаки худро расониданд: «Нисбат ба ду деҳае, ки  дар ноҳияи  Рашт зери об монданду мо аз ин ҷо он масолеҳу  таҷҳизоти лозимиро равон кардем,  дар шабонарӯзи якум мо 40%-и аҳолиро бо барқ таъмин  кардем ва дар рӯзи дуюм қариб 96%-и аҳолиро бо барқ  таъмин кардем»,-иброз дошт муовини аввали раиси ширкати «Барқи тоҷик». Ба гуфтаи мавсуф бо супориши Президенти кишвар дар он заминҳое, ки дар ноҳияи Рашт барои осебдидагони офати табиӣ ҷудо шудаанд,  аллакай ду трансформатор насб шуда, хати барқ расонида шуд ва дар сурати тасдиқи нақшаи маҳал хатҳои барқии 04-ро ба аҳолии зарардида бурда мерасонанд. «Он  хонаҳое, ки зарар дидаанд, мумкин ки  мо қарзҳои қаблиашонро мебахшем»,-илова  намуд  Ҷамшед Бобозода.
        Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» дар мавриди мушкилоти таъмини барқ ба осебдидагони  вилояти Бадахшон гуфтанд,  ки феълан якҷоя бо ширкати “Помир Энержӣ” барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва таъмини дастрасии осебдидаҳо ба неруи барқ кор бурда истодаанд. 

 

Июль 28, 2015 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!