Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Франсия
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Ниҳоят хушҳолам, ки Шумо ва мардуми дӯсти кишварро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллии Ҷумҳурии Фаронса – солгарди ба даст овардани Бастилия – сидқан табрику таҳният гӯям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи муносибатҳои худро бо Ҷумҳурии Фаронса баланд арзёбӣ намуда, Фаронсаро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо мешуморад ва ба густариши бемайлони ин равобит ва васеъ гардонидани доираи ҳамкориҳо ҳавасманд аст.
Мо аз сатҳи рушди муносибатҳои дуҷониба қаноатманд ҳастем ва итминон дорем, ки ба кор андохтани имкониятҳои тоза барои боз ҳам тавсеа бахшидани муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба ба нафъи ҳар ду кишвар буда, боиси таҳкими сулҳу субот ва равобити судманди созанда дар минтақа мебошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳои нек мо аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем кард.
Дар ин рӯзи мубораку фархунда ба ҷаноби Президент тансиҳатӣ ва пирӯзиҳои ҷадид орзу намуда, ба мардуми дӯсти Фаронса сулҳу амонӣ ва саодату шукуфоӣ хоҳонам».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






