Барқияи тасаллияти Э. Раҳмон ба Президенти Индонезия
Душанбе, 01.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари суқути ҳавопаймои боркаши низомӣ дар маҳаллаи аҳолинишини шаҳри Медани Ҷумҳурии Индонезия ва дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди мусофирон ва сокинони шаҳр моро сахт андўҳгин намуд.
Ҳамдардии амиқи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба мардуми дўсти Индонезия изҳор намуда, бо арзи тасаллиёти самимӣ ба наздикону пайвандони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун».








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






