Бархурди “Opel-vektra” ба “Opel Astra” ва ҳалокати 4 нафар
Душанбе, 01.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Сокини ноҳияи Балҷувон, ронандаи мошини тамғаи “Opel-vektra”29 июн ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини тамғаи “Opel Astra”, таҳти идораи сокини ш. Турсунзода бархурд. Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи “ Opel-vektra ” ва мусофирони мошини мазкур: зани 26-сола, писарчаи хурдсоли 1-сола, сокинони ноҳияи Балҷувон, духтарчаи 3-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари ҳамин мошин: духтарчаи 4-солаи сокини ноҳияи Балҷувон ва марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин ронандаи мошини тамғаи “Opel-astra” ва ду шаҳрванди Ҷумҳурии Финляндия, марди 44-сола ва зани 34-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД 30 июн ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, марди 38-солаи сокини ноҳияи Қумсангир, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Румӣ ба самти шаҳри Қурғонтеппа, дар ҳудуди деҳаи Маданияти ноҳияи Бохтар бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи “Porter”, таҳти идораи ронанда, марди 34-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Румӣ бархурдааст. Дар натиҷа мусофири мошини тамғаи “ Opel-astra ” писарчаи 7-солаи сокини ноҳия Бохтар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандагони хар ду мошин ва мусофирони мошини тамғаи “ Opel-astra”, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






