Барои мусофирони қатораҳо сабукиҳо дода шудаанд
Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Барои мусофирони қатораҳои роҳи оҳани Тоҷикистон 30% ва дар асоси созишномаи байни маъмурияти роҳҳои оҳани Тоҷикистон, Қирғизистону Русия ба мусофироне, ки пешакӣ чипта мехаранд, сабукӣ дода шудааст. Аз ҷумла, ба нафароне, ки аз 31 то 45 рӯз пештар чипта мехаранд, 40 %, аз 21 то 30 рӯз 30 %, аз 11 то 20 рӯз 20 % ва аз 6 то 10 рӯз 15 % нархи чиптаҳо арзон фурӯхта мешаванд.
Дар ин бора муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Баҳром Шодиев иттилоъ дод.
Дар давоми нимсолаи якум аз тариқи қатора 198,1 ҳазор мусофир сафар намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 -10,7 ҳазор мусофир кам мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






