Барои ТАҚХ “Матин”- ҳуқуқи амалиёти бонкӣ манъ карда шуд
Душанбе, 11.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо Қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 июли соли равон барои ҶДММ ТАҚХ “Матин” ҳуқуқи иҷрои амалиёти интиқоли маблағҳои пулӣ бо фармоиши муштариён ба муҳлати 1 сол манъ карда шуд.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон қарори мазкур нисбат ба ҶДММ ТАҚХ “Матин” бинобар сабаби риоя накардани талаботи қонунгузории бонкии ҷумҳурӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, такрор ба такрор роҳ додан ба камбудиҳо дар самти бе кушодани суратҳисоби бонкӣ интиқол додани маблағҳои асъори хориҷии нақд ба хориҷи кишвар қабул шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






