Баррасии ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ
Душанбе, 24.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ бо роҳбари Агентии федералӣ оид ба корҳои байналхалқию башардўстии Федератсияи Русия Любов Глебова мулоқот кард.
Зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаи илм, таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи технологияи муосир дар соҳаҳои хоҷагии халқи ду кишвари ба ҳам дўсту бародар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо ҳамчунин перомуни ҷудо намудани квотаҳои омўзиши кадрҳои илмӣ дар Академияҳои Федератсияи Русия низ ибрози назар карданд.
Дар мулоқоти мазкур ҳамзамон Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин — Фролов ва роҳбари намояндагии «Россотрудничество»-и Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Владислав Курнушко иштирок доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






