Баррасии Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ
Душанбе, 02. 07. 2015. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Шӯрои Иттиҳоди Аврупо хулосаҳои атрофи Стратегияи Иттиҳоди Аврупоро барои Осиёи Марказӣ қабул намуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифт, ки бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ муносибатҳои зич, дарозмуддат ва устуворро ба роҳ монад. Ҳашт сол пас аз қабули Стратегия барои Осиёи Марказӣ, шӯрои мазкур пешравиҳои назаррасро дар густариши равобити Аврупо бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва умуман бо минтақаи Осиёи Марказӣ бо хушнудӣ истиқбол кард. Шӯро манофеи мутақобила дар тавсеаи ҳамкории сиёсию иқтисодиро ба инобат гирифта, бори дигар омодагии Иттиҳоди Аврупоро барои рушди муносибатҳо дар асоси принсипҳои масъулиятшиносӣ ва моликият, ки ба рушди босубот, бехатару устувори минтақа равонаанд, таъкид намуд.
Мақсадҳои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, чун пештара дар соли 2007 бетағйир хоҳанд монд. Ҳангоми татбиқи Стратегия, Иттиҳоди Аврупо сабақҳои қаблӣ ва дигаргуниҳоро дар минтақа, аз ҷумла тағйирёбии вазъи геополитикии атрофи онро ба ҳисоб хоҳад гирифт. Шӯро барои таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва энергетикӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар ҷодаи суботу амният, аз ҷумла идораи мӯътамади захираҳои табиӣ даъват ба амал овард. Ғайр аз ин Шӯро демократикунонӣ, риояи ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, рушди иҷтимоию иқтисодиро чун аркони стратегияи мазкур хеле муҳим медонад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






