Бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Дарвоз

Июль 25, 2015 05:13

Душанбе, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии рӯзи 24 июл аз ҷониби Афғонистон сел фаромада, маҷрои дарёи Панҷро дар ҳудуди ноҳияи Дарвози Ҷумҳурии Тоҷикистон баст. Дар натиҷа оби ин дарё аз сатҳи муқаррарииаш 5 метр боло рафтааст. 
Раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дирӯз сел аз ҷониби Афғонистон фаромада, сангҳои калон овард, ки дар натиҷа пеши дарёи Панҷ банд шуд. 
Инчунин, бар асари офати табиӣ 200 метр роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз дар ҳудуди минтақаи Шурговад зери об мондааст. 
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед аз мавзеи офати табиӣ дидан карданд. Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳои дахлдор дар ҷои ҳодиса ҳузур дошта, баҳри рафъи оқибатҳои табиӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, ҳоло пеши роҳи оби ҷамъшуда каме кушода шуд, ки аллакай оби дарё 2 метр паст шуд. «Роҳҳои пурра бартараф намудани ин офати табиӣ, аз ҷумла таркондану яктарафа кардани сангҳои калон баррасӣ шуда, барои татбиқи он чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд», — илова намуд раиси ноҳия.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳоло роҳи алтернативии Душанбе-Хоруғ тариқи Рашт-Тавилдара ва ағбаи Хобуробод ба роҳ монда шуда, барқарорсозии роҳи асосӣ бо суръат идома дорад. 

 

Июль 25, 2015 05:13

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд