БМТ: Гардиши савдои хориҷӣ 21,9 фоиз кам шуд

Июль 21, 2015 11:13

Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-июни соли равон 2,1 млн. доллари  ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,9 фоиз кам гардид. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои ИДМ 13,4 фоиз ва бо кишварҳои хориҷи дур 28,6 фоиз коҳиш ёфт. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ироа намуд. 
Мутобиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми содироти молҳо дар давраи баррасишаванда 434,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли  гузашта 7,9 фоиз кам гардид. Воридоти молҳо 1,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз коҳиш ёфтааст. 
«Вобаста ба ин, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ҷамъбаст гардида, ба 1,3 млн. доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,4 фоиз кам мебошад»,- гуфт раиси Бонки миллӣ.

 

Июль 21, 2015 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст