Болоравии қурби ғайрирасмии доллар дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ
Душанбе, 11.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар давоми ҳафтаи равон қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ бетағйир, дар ҳудуди то 6,5200-6,5400 сомонӣ муқаррар шуда бошад ҳам, рӯзҳои охир дар баъзе минтақаҳо аз ин ҳудуд каме боло рафтани қурби ғайрирасмӣ ба мушоҳида расид.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон ҳолати мазкур асосан аз ҳисоби афзоиши талабот ба доллари ИМА-и нақдӣ, бинобар паст шудани қурби рубли русӣ нисбат ба доллари ИМА ва сомонӣ ба вуқӯъ пайваста, раванди кӯтоҳмуддат аст. Ҳафтаи оянда зиёд шудани пешниҳоди асъори нақд (доллари ИМА) бинобар фарорасии Иди Рамазон ва вобаста ба муътадил шудани қурби рубли русӣ, баргаштани қурби воқеӣ ба ҳудудҳои муқарраршуда дар назар аст.
Дар айни замон, қурби миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме паст шуда, мувофиқан 0,1140-0,1165 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 7,1650-7,2010 сомонӣ ба як евро баробар шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






