Боздиди Қ. Расулзода аз мавзеъҳои хавфноки наздисоҳилии дарёи Панҷ
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои хавфноки наздисоҳилии дарёи Панҷ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон дидан карда, бо ҷараёни корҳои мустаҳкамкунии соҳил шинос шуд.
Қоҳир Расулзода бо корҳои мустаҳкамкунии соҳил, ки бо дастгирӣ ва маблағгузории ҳукумати мамлакат аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд, дар мавзеъҳои нисбатан хавфноки Сарбанд ва Хатлони соҳили дарёи Панҷ ва мавзеи наздик ба канали Чӯбек шинос шуд.
Тавре ки таъкид гардид, дар сарбанди канали Чӯбек бо мақсади таҳкими соҳили ин иншооти обрасон 240 адад хишти калонҳаҷми бетонӣ хобонида шуда, барои эҳтиёт боз 100 адад чунин масолеҳи соҳилбандӣ захира шудааст. Бо дастури Сарвари давлат ба тариқи иловагӣ барои пешбурди корҳои мустаҳкамкунии соҳил миқдори зарурии масолеҳи сохтмонӣ ва сўзишворӣ ҷудо гардидааст, ки барои омода намудани хиштҳои бетонии калонҳаҷм пешбинӣ шудаанд.
Бо мақсади сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои мустаҳкамкунии соҳил ва пешгирӣ намудани хавфи обхезиҳо дар маҳаллаҳои наздик ба соҳил дастур дода шуд, ки масолеҳи зарурӣ барои корҳои мустаҳкамкунии соҳил, аз қабили сўзишворӣ, семент, хиштҳои бетонӣ ва симтӯр ба миқдори зарурӣ захира шаванд.
Дар мавсими гармои имсола маҷрои дарё нисбат ба солҳои қаблӣ нисбатан сероб буда, эҳтимолияти сар задани обхезӣ ва шуста бурдани саддҳои соҳилбанд афзун мебошад. Вобаста ба ин аз масъулини дахлдор талаб карда шуд, ки барои пешбурди корҳои асосии мустаҳкамкунии соҳил, пеш аз ҳама бояд барои барқарор намудани фаъолияти коргоҳи коркардаи сангу шағал ва қум тадбирҳо андешида, шумораи техникаи кориро афзун намоянд. Ҳамчунин масъулини соҳа, роҳбарияти вилоят ва ноҳия вазифадор гардиданд, ки корҳои асосии мустаҳкамкунии соҳилро дар се баст ба роҳ монда, барои назорати сатҳи об ва маҷрои дарё дар ин мавзеъҳо навбатдории шабонарўзӣ ташкил намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






