Боздиди Сарвазир аз рафти корҳои навсозии нақби «Истиқлол»
Душанбе, 04.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои таъмиру тармим ва навсозии нақби мошингарди «Истиқлол» шинос шуд.
Нақби мазкур дар асоси созишномаи дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон навсозӣ ва таҷдид гардида, дар нақб корҳои бастани маҷроҳои об дар мавзеъҳои алоҳида, бетонрезии қабати болоии роҳ, равшаннамоӣ ва ҳавотозакунӣ идома дорад. Дар айни замон аз даромадгоҳи шимолӣ роҳи нақб дар қисматҳои алоҳида бетонпўш карда шуда, баробари анҷоми он бетонпушнамоии қисмати болоии роҳ аз даромадгоҳи ҷанубӣ оғоз мегардад.
Бо таъкиди Сарвазири мамлакат дар иҷрои корҳои нақшавӣ саҳлангорӣ зоҳир гардида, рафти тармиму навсозии нақб нисбатан суст ҷараён дорад.
Барои ташкили кори шабонарўзӣ дар қитъаҳо, дар як вақт ба роҳ мондани корҳои бетонрезӣ, таъмини саривақтии музди маоши кормандон, афзун намудани нерўи корӣ ва техникаю таҷҳизот, беҳдошти шароити барқрасонӣ, вусъати корҳои равшаннамоию ҳавотозакунӣ ва дар ҳамин асос босифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда пурра анҷом додани навсозии ин иншооти муҳим роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва корхонаҳои тобеи он, мутахассисони ширкатҳои ҳамкор ва дигар масъулини соҳа вазифадор карда шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






