Боздошти марди 53-сола барои таҷовуз ва куштори духтари 6-сола
Хуҷанд, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар»,Абдуаҳад Шарифзода).- Кормандони милитсияи вилояти Суғд зимни гузаронидани чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 53 солаеро бо гумони даст доштан дар таҷовуз ва куштори духтарчаи 6-сола боздошт карданд. Ба иттилои манбаъ 30 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби шахси номаълум духтараки 6 сола мавриди таҷовуз қарор гирифта, баъдан кушта шудааст. Ҷасади духтарча бегоҳии 30 июн, тахминан соати 20:30 аз байни мошинсаройҳои назди кӯчаи Аминҷон Шукуҳии шаҳр бо аломатҳои марги маҷбурӣ ва нишонаҳои алоқаи ҷинсии маҷбурӣ дарёфт гардидааст.
Тавре роҷеъ ба ходисаи мазкур аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ доданд, ин мард қаблан бо оилаи духтарча дар як маҳалла, дар як бинои истиқоматӣ зиндагонӣ мекардааст.
Ба иттилои манбаъ, марди гумонбаршуда дар гузашта се маротиба, аз ҷумла барои куштор ва таҷовуз ба номус суд шудааст.
Алъон вобаста ба ҳодисаи мазкур нисбат ба айбдоршаванда тибқи моддаҳои 104 (Куштор) ва 138 (Таҷовуз ба номус) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






