Боздошти роҳбари аршади ДИИШ дар Истанбул
Анқара, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳангоми амалиёти поксозии пулис дар шаҳри Истанбул як роҳбари аршади ДИИШ дастгир шуд. Ин хабар аз тариқи Оҷонсии Анадолуи Туркия пахш карда шуд.
Халис Байанҷук, ки бо лақаби ҷиҳодии худ “Абу Ҳанзала” шинохта мешуд, бо ҳамсараш дар амалиёти зидди террори пулис рӯзи 24 июл дар шаҳри Истанбул боздошт шуд. Байанҷук ҳамроҳи ҳамсараш дар маҳаллаи зисти худ, дар ноҳияи Бағчилари шаҳри Истанбул дастгир шуданд ва аз онҳо санадҳои рақамӣ ва дигар санадҳои марбут ба ДИИШ мусодира шуданд.
Байанҷук муаллифи баъзе мақолаҳои ДИИШ буда, инчунин дар фаъолиятҳои истихдоми ҷанговарон барои ин созмони террористӣ даст доштааст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






