Бозомӯзии 456 имомхатиб дар марказҳои исломии ҷумҳурӣ

Июль 7, 2015 11:33

Душанбе, 07.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ходимони динӣ 456 имомхатибу имоми масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро ба курсҳои бозомўзӣ дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд. 
Ба иттилои раиси  Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар курси бозомўзӣ устодон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ” дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони Кумитаи оид ба корҳои дин ва Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ақида, фиқҳ, ҳадис, усули мавъиза, қироату таҷвиди Қуръон, тоҷикон дар масири таърих, худшиносии миллӣ, одоби касбӣ, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти аслии “ҷиҳод”-и Сурияву Ироқ ва дигар паҳлуҳои масоили мазҳабӣ маърӯза карданд.
Дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотии ин кумита хабар дода шуд.

 

Июль 7, 2015 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд