Бунёди 671 гектар ҷангалзори нав дар кишвар
Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ “Ховар”, М. Темурзода).-“Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои он дар шоҳроҳҳои Душанбе — Ваҳдат — Кўлоб, Душанбе — Хуҷанд, Душанбе — Қӯрғонтеппа ба миқдори 6,2 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ороишӣ шинонда шуд, ки дар айни замон сабзиши онҳо мӯътадил буда, нигоҳубини онҳо аз ҷониби кормандони ҷангал ба роҳ монда шудааст”,- изҳор дошт Исматзода Азизулло Убайдулло, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
А. Исматзода ҳамчунин зикр намуд, ки дар Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангал ва корхонаҳои воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварии низоми агентӣ ҷиҳати бунёду барқарорсозӣ, нигоҳубини ҷангал, аз ҷумла бунёди майдонҳои сафедор, хуч, писта, чормағз, ҳифзу муҳофизати ҷангал аз сўхтор ва ҳашароти зараррасон, пешгирии вайронкунии қонуни ҷангал корҳои муайян амалӣ мешаванд.
Доир ба масъалаи бунёд ва барқароркунии ҷангалҳо дар низоми агентӣ ба миқдори 671 гектар ҷангалзори нав бунёд гардида, ба микдори 873 гектар ҷангалзори кўҳна барқарор шуд ва дар майдони 6329 гектар корҳои нигоҳубини ҷангалзор гузаронида шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






