Бунёди силсилаиншоот дар Панҷакент
Панҷакент 14.07.2015.(АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо ширкати хабарнигорони маҳалливу ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода аз фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр дар шаш моҳи соли равон гузориш дода, аз ҷумла иброз дошт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз 11 сарчашмаи воридоти андозҳо 4 намуди он пурра иҷрон гардид. Аз ҳисоби таъмин нагардидани нақшаи 7 намуди сарчашмаи андозҳо ба буҷет ба маблағи умумии 17 миллиону 521 ҳазору 554 сомонӣ кам маблағ ворид гардид. Бақияи қарзи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ то 1 июни соли ҷорӣ ҳамагӣ 8 миллиону 195 ҳазору 79 сомонӣ, аз ҷумла дигар намудҳои андоз 4 миллиону 530 ҳазору 204 сомонӣ ва андози иҷтимоӣ 3 миллону 665 ҳазору 75 сомониро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакент қисмати «А»-и бинои панҷошёнаи болохонадор дар хиёбони Рӯдакӣ аз ҷониби соҳибкор Абдумаин Қодиров ба истифода дода шуд. Инчунин бо ҷалби соҳибкорону тоҷирон як силсила биною иншооти гуногун дар миқёси шаҳру деҳоти Панҷакент ба истифода дода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






