Д. Латипов: Донишкада ивази ном кард
Душанбе, 21.07.2015.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли равон Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода номгузорӣ гардид. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Диловар Латипов иброз дошт.
Латипов гуфт, ки дар баробари тағйири номи донишкада шуъбаҳои нав дар факултаҳои донишкада таъсис мешаванд.
Дар нишаст гуфта шуд, ки тамоми ихтисосҳои донишкада ба низоми кредитии таҳсилот гузаронида шуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гузариш ба низоми кредитии таълим дар донишкада барои фаъол намудани донишҷӯён тавассути кори мустақилонаи донишҷӯ зери роҳбарии омӯзгор ва корҳои мустақилонаи худи донишҷӯён кумаки хеле зиёд мерасонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






