Дар 6 моҳ 12 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дастгир шудааст

Июль 25, 2015 04:41

Душанбе, 25.07.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиёти махсус дар шаш моҳи аввали соли 2015 — 12 (соли 2014-14) гурӯҳи муташаккил дар ҳайати 100 (соли 2014-61) нафар дар содир намудани 208 (соли 2014-98) ҷиноят муайян ва дастгир шудаанд.
Дар шашмоҳи соли 2015дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 411 (2014- 9339) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст ва сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо 94,3(соли 2014-93,4) фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ иттилоъ дод. 
 “Дар давраи ҳисоботӣ 2203 (2014-1976) ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб куштор- 51 (2014-54), роҳзанӣ-22 (2014-17),  ғоратгарӣ-68 (2014-87),таҷовуз ба номус-16 (2014-22), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ-43 (2014-62), авбошӣ-593 (2014-634), дуздӣ-2741 (2014-1903)ҳолат, инчунин 1902 (2014-1606) ҷинояти қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст”,- гуфт Рамазон Раҳимзода.

 

Июль 25, 2015 04:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад