Дар Афғонистон бар асари тирпаронӣ 20 нафар фавтид
Душанбе, 27.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба иттилои оҷонсии «Синхуа» бо такя ба полиси маҳаллӣ, дар Афғонистон бар асари муноқиша дар тӯй 20 нафар ҳалок гашт.
Ин воқеа шаби душанбеи 27-уми июл дар ноҳияи Деҳсалоҳи музофоти Бағлон дар километри 160-уми шимоли Кобул рух дод.
Бино ба гуфтаи сардори полиси ноҳияи мазкур Гулистон Хон, вақте маросими тӯй ҷараён дошт, миёни шахсони мусаллаҳ тирпаронӣ сар шуд. Дар натиҷа 20 нафар ҳалок шуда, 10 нафари дигар маҷрӯҳ гашт.
Ӯ илова намуд, ки мардони ҷароҳатбардошта ғайринизомӣ буданд.
Мақомот барои муайян сохтани сабабҳои ин воқеа корҳои тафтишотиро оғоз кардаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






