Дар Афғонистон роҳбари «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» кушта шуд
Душанбе, 07.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Яке аз фармондеҳони созмони террористии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» (ҲИӮ) Қорӣ Ҳикматуллоҳ дар шимоли Афғонистон кушта шуд. Дар ин бора ба РИА Новости аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон иттилоъ доданд..
«Мо иттилои фавриро санҷида, муайян намудем, ки дар ҳақиқат Қорӣ Ҳикматуллоҳ ҳафтаи гузашта дар даргириҳо бо неруҳои ҳукуматӣ дар вилояти Бағлони Афғонистон кушта шудааст», — гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, террористи ҳалокшуда баргузории амалиёти ҷангии ҲИӮ-ро дар шимоли Афғонистон бар уҳда дошт. Бино ба иттилои хадамоти амнияти Узбекистон, солҳои охир ҲИӮ бо талафоти ҷиддии ҳайати фармондеҳӣ рӯ ба рӯст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






