Дар кӯчаи «Бухоро»-и Душанбе нимпайкараи Робиндранат Такур гузошта мешавад
Душанбе, 09.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар гулгашти кӯчаи «Бухоро»-и Душанбе — буриши кӯчаи Турсунзода нимпайкараи яке аз шахсиятҳои бузурги Ҳиндустон, шоир ва нависандаи машҳури Ҳинд Робиндронат Такур (1861-1941) гузошта мешавад. Интизор меравад, ки парда аз рӯи нимпайкараи ходими намоёни ҷамъиятии Ҳиндустон дар рӯзҳои сафари давлатии Сарвазири Ҳинд Нарендра Модӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 12-13 июл дар назар аст, бардошта шавад. Нимпайкараи Робиндронат Такур бо маблағгузории ҷониби Тоҷикистон ва Ҳиндустон бунёд гардида, меъмори он Зуҳуриддин Сироҷиддин -яке аз меъморони шинохтаи Тоҷикистон аст. Ин дар ҳолест, ки дар масофаи начандон дур, тахминан сад метр дуртар аз ин гулгашт дар кӯчаи Бухоро, 51 нимпайкараи яке аз ходимони барҷастаи сиёсии Ҳиндустон, доҳии мардуми ҳинд Маҳатма Гандӣ (1861-1941) гузошта шудааст. Ҳамзамон дар ҳамин кӯча — Бухоро, 45 бинои сафорати Ҳиндустон воқеъ аст.
Ашурбег Расулов- муовини аввали раиси шаҳри Душанбе дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки аз ҷониби шаҳрдорӣ ба ифтихори сафари давлатии Сарвазири Ҳиндустон ба Тоҷикистон корҳои ободонию сабзкорӣ дар кӯчаи Бухоро- аз чорроҳаи бинои «Душанбе-Плаза» то буриши кӯчаи Мирзо Турсунзода /Донишгоҳи славянӣ/ бо суръат идома доранд. Махсусан дар гулгаште, ки дар он нимпайкараи Робиндранат Такур гузошта мешавад, гулу буттаҳои гуногуни ороишӣ шинонида шуда, роҳравҳо бунёд гардидаанд, инчунин намои берунии иморати идораҳои дорои таъйиноташон гуногун, ки дар ин кӯча воқеанд, ранг карда шуда, тамоми дарахтони ду тарафи роҳи ин кӯча ба тартиб дароварда шудаанд.
Ашурбег Расулов афзуд, ки корҳои созандагию бунёдкорӣ ва сабзкорӣ дар гулгашти кӯчаи Бухоро аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии шаҳр (фармоишгар), ширкати «Хонасоз-4» (пудратчӣ) ва КВД «Сабзкор» ҷараён доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






