Дар музофоти Урузгон Толибон оқсақолро ба дор кашиданд
Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи чоршанбе дар ҳудуди ҷанубии музофоти Урузгони Афғонистон Толибон дар назди мардум оқсақоли маҳаллӣ Ҳоҷӣ Аббосро, ки дар шӯрои музофот кор мекард, ба дор кашиданд.
Ҷинояткорон ходими давлатиро рабуда, ӯро дар назди мардум ба дор овехта, ҷасадашро дар ҷои куштор гузоштанд.
Ҳокимияти маҳаллӣ аз эълони сабаби ҳодиса худдорӣ мекунад, вале эҳтимолан баҳонаи ба қатл расондани оқсақол ҳамкории Ҳоҷӣ Аббос бо ҳукумати расмӣ бошад.
То ҳол ягон гурӯҳи оштинопазири мусаллаҳи мухолиф дар ин ҳодиса даст доштанашро изҳор накардааст, вале пештар чунин ҷиноятҳоро Толибон борҳо зидди оқсақолон анҷом дода буданд.
Ёдовар мешавем, ки як ҳафта пеш дар шимоли музофоти Самангон ҷангиёни Толибон мулло Абдул Сатторро, ки дар хатибаҳояш борҳо фаъолияти ошӯбгаронро маҳкум карда буд, ба қатл расонданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






