Дар шаш моҳ 1052 силоҳи оташфишон мусодира шуд
Душанбе, 25.07.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ),- “Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории самаранок бо аҳолӣ аз аҳолӣ аз аввал то ба имрўз 38 ҳазору 803 адад ва дар шаш моҳи соли равон 1052 (2014-985) адад силоҳи оташфишони ғайриқонунӣ дарёфт ва мусодира шуд”, -таъкид гардид имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии ҶТ.
Дар ин муддат 15 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динӣ, ки дар онҳо 37 шаҳрванд, аз ҷумла 29 ноболиғ ғайриқонунӣ ба тадриси илмӣ-динӣ машғул будаанд, ошкор ва 178 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таълимоти ҳатмӣ муайян ва ба қайд гирифта шуд.
“Аз ҷониби ноболиғон 422 (соли 2014 — 468)ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46 ҳолат камтар мебошад. Аз тарафи ҷавонон 3063 (соли 2014-2594)ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар муқоиса бо соли гузашта 469 ҳолат зиёд гардидааст”,-афзуд манбаъ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






