Дар Шуғнон ду пули мошингузар ва ду пули пиёдагузар хароб шудааст
Душанбе, 17.07.2015 (НИАТ «Ховар»).- Аз рӯи маълумоти охирин дар ноҳияи Шуғнон дар натиҷаи обхезӣ ду пули мошингузар ва ду пули пиёдагузар хароб шудааст.
Бино ба иттилои раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёев, инчунин ба 20 гектар, аз ҷумла 8 гектар заминҳои корам ва 2 километр роҳҳои мошингард хисорот расидааст.
Дар натиҷаи ин офати табиӣ 39 хона пурра ва даҳҳо хонаҳои дигар қисман хароб гаштаанд. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон комиссия махсус таъсис дода шуда, дар ҷойи ҳодиса қарор дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






