Дар сохтори нави БМТ 197 воҳиди корӣ ихтисор мешавад
Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи гузаронидани дигаргуниҳои сохторӣ шумораи воҳидҳои хизматчиёни дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ба миқдори 130 воҳиди корӣ ва шуъбаҳои минтақавии он 67 воҳиди корӣ, дар маҷмӯъ 197 воҳиди корӣ ихтисор мешаванд. Ин тасмим бо мақсади ба танзим овардани сохтор, шумораи воҳидҳои хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ва баланд бардоштани фаъолияти самараноки он аз ҷониби Раёсати Бонки миллӣ тасдиқ гардид.
Дар хадамоти матбуоти БМТ зимни шарҳи таҷдиди сохтори бонк ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки ҳангоми таҳияи сохтори нави Бонки миллии Тоҷикистон асосҳое ба инобат гирифта шудаанд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ ба таври васеъ истифода мешаванд.
Илова бар ин, тамоми кормандони бонк бояд аз Комиссияи санҷиши тахассусӣ гузашта, сатҳи баланди дониш ва малакаи касбии худро бори дигар тасдиқ намоянд.
Сохтори нав ва таҷдидгардидаи Бонки миллии Тоҷикистон 1 сентябри соли равон бо 31 адад воҳиди сохторӣ, 492 воҳиди корӣ дар дастгоҳи марказӣ ва 306 воҳиди корӣ дар шуъбаҳои минтақавӣ ба кор шуруъ мекунад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






