Дар Суғд беш аз 200 ҳазор нафар корти пластикӣ дорад
Хуҷанд, 27.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Дар вилояти Суғд теъдоди соҳибони кортҳои пластикии «Амонатбонк» ба беш аз 201 ҳазор нафар расидааст.
Тавре ки шуъбаи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар вилояти Суғд хабар медиҳад, имрӯз кормандони ҳамаи созмону корхонаҳои буҷавии 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маошашон, аз ҷумла нафақахӯрони шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, Исфара, Истаравшан, Қайроқум, Чкалов, ноҳияҳои Спитамен, Ашт ва Айнии вилоят, ки 105 ҳазору 334 нафарро ташкил медиҳанд, нафақаҳояшонро бо истифода аз кортҳои пластикии «Амонатбонк» мегиранд.
То охири соли равон нафақахӯрони ноҳияҳои Шаҳристон, Конибодом ва Ҷаббор Расулов низ нафақаҳояшонро тавассути кортҳои пластикӣ хоҳанд гирифт.
То имрӯз 1367 корхонаю ташкилоти вилоят барои гирифтани маош бо истифода аз кортҳои пластикии «Амонатбонк» шартнома бастаанд, ки теъдоди кормандонашон 93 ҳазору 888 нафар, ё 46,7 фоизи шумораи умумии дорандагони кортҳои пластикиро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳудуди вилояти Суғд 37 банкомати махсус, 182 терминали назоратӣ ва 145 маркази хидматрасонии бонк фаъолият доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






