Дар ҷумҳурӣ 621 ҳазору 295 нафақагир аст
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки дар ҷумҳурӣ теъдоди умумии нафақагирон то ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 621 ҳазору 295 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 427 нафар афзоиш ёфтааст. Андозаи миёнаи нафақаҳои меҳнатӣ дар ин давра 249 сомонӣ, нафақаҳои суғуртавӣ 352 сомонӣ, нафақаҳои иҷтимоӣ 124,7 сомонӣ ва дар маҷмӯъ андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 230 сомониро ташкил медиҳад.
Дар нишаст зикр гардид, ки аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 июли соли ҷорӣ зимни муоинаи такрорӣ гурӯҳи маъюбии 8 ҳазору 885 нафар тасдиқи худро наёфт ва аз ин теъдод бинобар расидан ба синни нафақавӣ 2 ҳазору 347 нафар ба нафақа аз рӯи синн гузаронида шуд. Пардохти нафақаи 6 ҳазору 538 нафари дигар, ки гурӯҳи маъюбиашон тасдиқ нагардид, пурра қатъ шуд. Дар айни замон 4 ҳазору 820 нафар гирандагони нафақа аз рӯи маъюбӣ дар сатҳи муоинаи такрорӣ қарор доранд ва пардохти нафақаи онҳо муваққатан боздошт гардидааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






