Дар Ванҷ корҳои пешгирӣ аз офати табиӣ идома доранд
Душанбе, 22.07.2015 (АМИТ «Ховар», Муфарраҳи Шодӣ).-Дар натиҷаи гармшавии ҳаво ва аз меъёри муқаррарӣ зиёд шудани оби дарёчаҳои кӯҳӣ ба хоҷагии халқи ноҳияи Ванҷ низ хисорот ворид гардид.
Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Ориф Нозимов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки 22 июли соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 11;35 дақиқа дар ҷамоати деҳоти М.Абдулоеви ноҳияи Ванҷ аз рӯдхонаи деҳаи Рохарв сел фуромада, маҷроашро ба тарафи маҳаллаи Гулистони ҷамоати мазкур намуд. Дар натиҷа ба 15 заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон об даромада, зарар расонид.
Аз рӯи баъзе маълумоти шахсони дар ҷойи ҳодиса қарордошта, обанбори хати оби нӯшокӣ ва қубурҳои иқтидорашон калон, ки тавассути онҳо ба ҳудуди ҷамоати деҳоти М. Абдуллоев об интиқол меёфт, бо сабаби сар задани ин офати табиӣ хароб гардиданд.
Аз тарафи Ҳукумати мамлакат аз тариқи чархбол ба мавзеъҳои офатрасида маводи ғизоӣ ва оби нӯшокӣ расонида шуд.
Дар суҳбати телефонӣ раиси ҷамоати деҳоти М. Абдуллоев Майрам Давлатова гуфт, ки пас аз зуҳри имрӯз сатҳи оби дарёҳои минтақа дубора боло рафта, оилаҳои дар соҳили дарё қарор дошта ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. «Барои гирифтани пеши роҳи об ҳоло дар соҳили ин дарёчаҳо бо ҷалби техникаҳо корҳои пешгирӣ идома доранд», — илова намуд М. Давлатова.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






