Дар Яман 4 шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондааст
Душанбе, 28.07.2015. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Имрӯз дар ВКХ нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он вазир Сироҷиддин Аслов ва намояндагони ин сохтор иштирок доштанд.
ВКХ ҶТ дар нимаи якуми соли 2015 талош намуд, то равобити гуногунҷабҳа бо кишварҳои мухталиф ва созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ рушду инкишофи тоза пайдо кунанд. Дар нимсолаи якум чандин чорабиниҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон барпо гардиданд. Дар ин раванд 20 санади дуҷониба ба имзо расид. Дар давраи ҳисоботӣ муносибатҳо бо Созмони ҷаҳонии савдо, Бонки ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои дигари молиявӣ тавсеа ёфта,Тоҷикистон дар ин давра ба узвияти Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ пазируфта шуд.
Сироҷиддин Аслов ҳамзамон роҷеъ ба ҷангҳои кишвари Яман сухан карда, вазъи низомии ин давлатро бад арзёбӣ намуд ва аз таъсири бади он ба кишвари мо изҳори нигаронӣ кард.
Масаъалаи асосие ки дар нишаст матраҳ шуд, ин берун овардани 200 шаҳрванд аз Яман буд. “Мо ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилии Яман муроҷиат кардем. Ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия изҳори ташаккур мекунем, ки бо кумаку дастгирии бевоситаи онҳо бештари шаҳрвандони мо берун оварда шуданд»,-гуфт Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон.
То имрӯз танҳо чор ё панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар Яман боқӣ мондаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






