Дарёфт ва мусодираи беш аз 10 кило ҳашиш

Июль 6, 2015 09:16

Душанбе, 06.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Кормандони  милитсия 10 килою 280 грамм маводи нашъадори ҳашишро дарёфт ва мусодира карданд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, дар  натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 49-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров  бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир дастгир гардид. 
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда беш аз 10 кило ҳашиш дарёфт гардид. 
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш дар ин самт идома дорад.

 

Июль 6, 2015 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд