ДИИШ ба кӯдакон куштор меомӯзад
Душанбе, 11.07.2015 (АМИТ «Ховар»).-Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи «Ал-олам», ДИИШ бештар кӯдаконро барои амалҳои террористӣ истифода мебарад. Инҳо кӯдакони ятиме мебошанд, ки хонаводаҳои худро бар асари ҷанг аз даст дода, ё писароне ҳастанд, ки ДИИШ дар манотиқи ишғолшуда пас аз куштани падаронашон ва ба канизӣ гирифтани модаронашон онҳоро ба ғанимат гирифтааст.
Бино бар иттилооти расида, дар се рӯзи гузашта чанд кӯдаке, ки аз ҷониби ДИИШ ҷалб шуда буд, худро бо худравҳои бомбгузорӣ мавриди таркиш қарор додаанд.
Ба навиштаи хабаргузории мазкур, бар асоси омори ғайрирасмӣ аз ибтидои соли ҷорӣ зиёда аз 150 кӯдак, аз ҷумлаи асироне, ки дар тамрингоҳи ДИИШ нигоҳ дошта мешуданд, дар набардҳову амалҳои террористии ин гурӯҳ кушта шудаанд.
Нозирони ҳуқуқи башар аз иқдоми ДИИШ дар ҷалби беш аз 1100 кӯдаки суриягӣ аз ибтидои соли 2015 хабар медиҳанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






