ДМИТ 17 донишҷӯи хориҷӣ дорад
Душанбе,22.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ва равон намудани донишҷӯёни донишкада ба хориҷи кишвар барои идомаи таҳсил аз самтҳои асосии фаъолияти кори шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ мебошад. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода иброз дошт.
А.Солеҳзода гуфт, ки имрӯз дар донишкада 17 донишҷӯи хориҷӣ дар зинаи бакалавр таҳсил дорад ва имсол барои дохил шудан ба донишкада 18 довталаб аз Афғонистон, Нигерия ва Ҷумҳурии мардумии Чин ҳуҷҷатҳояшонро ба комиссияи қабули донишкада пешниҳод намуданд. Ҳамзамон 14 донишҷӯи донишкада барои идомаи таҳсил дар хориҷи кишвар қарор дошта, 15 нафари дигар аз моҳи сентябр ба муассисаҳои таълимии шарик аз рӯи барномаи «мубодилаи донишҷуён» фиристода мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






