ДМИТ: Хобгоҳи замонавӣ барои 760 донишҷӯ

Июль 25, 2015 04:35

Душанбе,25.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар шуъбаи рӯзонаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 3 ҳазору 519 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 2 ҳазору 655 нафар, аз ҷумла 1 ҳазору 587 нафар буҷавӣ ва 4 ҳазору 587 нафар шартномавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар ин бора  ректори донишкадаи мазкур Ашурбой Солеҳзода дар нишасти матбуотӣ  ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ашурбой Солеҳзода инчунин гуфт, ки дар донишкада барои донишҷӯёни манотиқи дурдасти кишвар 2 хобгоҳи ба талаботи имрӯза ҷавобгӯи дорои 760 ҷойи зист мавриди истифода қарор дорад. Дар хобгоҳи донишҷӯён маркази компютерӣ таъсис дода шудааст, ки 10 компютер ба шабакаи интернет васл карда шуда, ба он фонди китобхонаи электронӣ низ ворид карда шудааст.

 

Июль 25, 2015 04:35

Хабарҳои дигари ин бахш