«Дороиҳои «Амонатбонк» афзудаанд»: Руҳуллоҳ Ҳакимзода
Душанбе, 14.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Дороиҳои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ин давра 2,1 миллиард сомониро ташкил додаанд, ки дар қиёс ба аввали сол 17,6 % афзудаанд». Ин матлабро Руҳуллоҳ Ҳакимзода-раиси Бонки давлатии «Амонатбонк» дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе иброз дошт.
Зикр гардид, ки сармояи умумии «Амонатбонк» дар ин давра 240 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,4 % афзудааст.
Р. Ҳакимзода афзуд, ки новобаста ба теъдоди омилҳои беруна ба низоми бонкии кишвар «Амонатбонк» фаъолияти худро дар нимсолаи соли равон бо нишондиҳандаҳои назарраси молиявӣ ҷамъбаст намуд.
Бояд тазаккур дод, ки Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон аз куҳантарин бонкҳои кишвар маҳсуб шуда, ҳоло дар бонки мазкур 2 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






