ДСХ 8 донишҷӯи хориҷӣ дорад
Душанбе, 4.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо назардошти вазъияти замони муосир иштирок дар лоиҳаҳои маблағгузоришавандаи ватанию байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти берунии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (ДСХ) ба шумор меравад. Дар соли 2015 донишкада корро махсусан дар чорчӯбаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо — Темпус «Рушд ва такмили иқтидори идоракунии донишгоҳ доир ба масоили робитаҳои байналмилалӣ» самаранок давом дод. Ин нукта дирӯз дар нишасти матуотии донишкада зикр шуд.
Моҳи майи соли ҷорӣ намояндаи комиссияи Иттиҳоди Аврупо, сардори департаменти робитаҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон, профессор Муслим Иброҳимов ва ҳамоҳангсози тоҷикистонии лоиҳа, сардори шуъбаи робитаҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба донишкада расман омада, ба фаъолияти донишкада дар амалӣ намудани нуктаҳои асосии лоиҳа баҳои баланд доданд.
Инчунин дар нишаст гуфта шуд. ки аз хориҷи кишвар дар донишкада 8 нафар таҳсил мекунад, ки онҳо аз ИМА, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, як нафар донишҷӯ аз тариқи квотаи президентӣ аз Ҷумҳурии Туркманистон мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






