Файзобод: туҳфаи «Тавоно» ба маъюбон
Файзобод, 18.07.2015. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатзода).-Дирӯз дар ҷумҳурӣ иди саиди Фитр таҷлил гардид. Ба иттилои сардори бахши ҳифзи иҷтимоиёти мақомоти маҳаллии ноҳияи Файзобод Гулрухон Раҳимова ҳафтаи равон бахшида ба ин ид дар қасри Рӯдакии ноҳия бо иштироки 170 маъюб ва дигар қишрҳои камбизоати ноҳия ҷамъомад доир шуд. Дар он аз ҷониби ташкилоти «Тавоно» ба 30 маъюб ба маблағи зиёда аз 1000 сомонӣ маводи ғизоӣ ва дигар туҳфаҳо дода шуданд.
Инчунин дар ин рӯз аз ҷониби ташкилоти «Салиби сурх» ба 70 нафар маъюб либосворӣ, аз Кумитаи «Имдод» равғану биринҷ, макарону хокаи ҷомашӯӣ ва аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ба 10 нафар маъюб тӯҳфаи идона бахшида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






