Фаъолияти илмии ДСРТ дар нимсолаи аввал назаррас аст

Июль 14, 2015 06:39

Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои илмии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) дар нимсолаи якум 4 конфронси байналхалқӣ, 1 конфронси байналхалқии донишҷӯён, 3 конфронси ҷумҳуриявӣ, 1 мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ, 1 конфронс дар байни донишгоҳҳо, 9 мизи мудаввар, 1 конфронси дохилидонишгоҳӣ, 1 форуми донишҷӯёни байни донишгоҳҳо, 2 мизи мудаввари донишҷӯён доир гардид,- гуфт ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Нуралӣ Салихов имрӯз, 14 июл зимни нишасти матбуотӣ.
Гуфта мешавад, ки натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии ҳайати профессорон ва муаллимони донишгоҳ дар шакли 5 рисола, 2 маҷмӯаи мавзӯӣ пешниҳод шудаанд. Барои таъмини сифатноки ҷараёни таълимӣ 2 китоби дарсӣ ва 24 китоби таълимӣ-методӣ чоп шудааст. 
Дар соли 2015 дар донишгоҳ 9 лоиҳаи илмӣ, ки аз буҷети ҶТ маблағгузорӣ мешавад (дар ҳаҷми 181725 сомонӣ), 8 мавзӯи илмӣ-тадқиқотӣ, ки аз буҷети ДСРТ маблағгузорӣ мешавад (дар ҳаҷми 356581 сомонӣ), 2 лоиҳаи илмӣ, ки кор аз рӯи онҳо тибқи Нақшаи молиявии барномаи рушди ДСРТ барои соли 2015 амалӣ мешавад, иҷро мегардад.

 

 

Июль 14, 2015 06:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд