Фархор: ҳаққи истифодаи об пардохт намешавад
Кӯлоб 02.07.2015. (АМИТ »Ховар», Сулаймони Хол).- Дар минтақаи Кӯлоб бо мусоид омадани обу ҳаво кишоварзон аҳлона меҳнат карда, анвои гуногуни маҳсулоти хоҷагии қишлоқро парвариш доранд. Хусусан дар ноҳияҳои Восею Фархор, ки солҳои қаблӣ деҳқонон ба оби ирригатсионӣ кам дастрасӣ доштанд, имсол дар ин масъала мушкилӣ надоранду дар парвариши сабзавоту полезӣ пешсафанд. Кормандони идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар навбати худ таҷҳизоти обрасонро аз таъмир бароварда, ба мавсим омодагии хуб дидаанд.
Новобаста ба фаъолияти хуби кормандони соҳа истифодабарандагон ҳаққи истифодаи обро сари вақт пардохт намекунанд.
Дар ноҳияи Фархор низ ҳамин аҳвол ба назар мерасад. Шумораи зиёди хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки оби ирригатсиониро ба воситаи лӯлаҳо дастрас мекунанд, ҳаққи истифодаи обро пардохт накардаанд. Соли гузашта бо ҳамин сабаб идораи беҳдошти замин ва обёрӣ обкашҳои барқиро сари вақт таъмир карда натавонист ва як қисми хоҷагиҳо ҳосили маҳсулоти парваридаашонро аз даст доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






