Фасодзадатарин бахшҳои ҷумҳурӣ кадомҳоянд?
Душанбе, 28.07.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Низоми бонкии кишвар ва бахши маориф дар ҷумҳурӣ фасодзадатарин соҳаҳо маҳсуб шуда, тибқи гузориши муовини аввали директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Наимӣ Аъламхон Қодириён дар раддабандии шумораи вазоратҳое, ки дар нимсолаи аввали соли равон ҷиноятҳои коррупсионӣ содир намудаанд, низоми бонкии кишвар бо 100 адад ва бахши маорифи ҷумҳурӣ бо 53 ҷинояти коррупсионӣ зинаи якум ва дуюми ин раддабандиро касб намудаанд.
Ҳамзамон дар ин раддабандӣ бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо шумори 45 ҷинояти коррупсионӣ дар зинаи сеюм қарор дорад. Зинаҳои баъдӣ дар содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ бо 37 адад ба Вазорати корҳои дохилии кишвар, 26 ададӣ ба Вазорати адлия ва кишоварзӣ, 22 адад ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, 18 ададӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи андоз, 11 адад ба мудофиа, 6 ададӣ ба Вазорати нақлиёт, Вазорати энергетика ва захираҳои об, 5 ададӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Шӯрои адлия, 3 адад ба Прокуратура ва Агентии назорати маводи нашъаовар рост омада, дар Кумитаи телевизион ва радио назди ҳукумати ҷумҳурӣ 2 адад, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 1 адад ҷинояти коррупсионӣ содир шудааст.
Қодириён зикр кард, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1041 ҷинояти коррупсионӣ ва ба андоз алоқаманд ошкор шудааст, ки теъдоди ҷиноятҳои алоҳида то 46 ҳолат коҳиш ёфтааст.
Инчунин аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 100 адади онро кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот содир намудаанд. Дар давраи ҷамъбастӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз хариду фурӯш, истифодаи ғайриқонунии замин ва дигар омилҳои коррупсионӣ 238 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 адад зиёд мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






