Фавти 73 нафар дар ҳодисаҳои фавқулода

Июль 20, 2015 11:19

Хуҷанд, 20.07.2015. АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ  дар қаламрави шимоли кишвар 313 ҳодисаи фавқулодаи дорои хусусияти гуногун ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он  73 шаҳрванд ба ҳалокат расид.
Тавре ки муовини сардори ситод оид  ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд Анвар Қосимов иттилоъ дод, ин нишондиҳанда нисбат ба нимсолаи аввали соли 2014 — 12 адад кам буда, маблағи умумии зарар 151 млн 229 ҳазор сомониро ташкил дод. 
Ба гуфти манбаъ, аз шумораи умумии ҳодисаҳои фавқулода  10 ададаш ҳодисаи фавқулодаи табиӣ буда, бар асари он 9 нафар ба ҳалокат расид, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 — 6 ҳодиса зиёд мебошад. 
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ  дар кӯлу дарёву обанборҳои вилоят  25 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 16  шаҳрванд наҷот дода шуда, 9 нафар ғарқ шуд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 — 7 нафар кам мебошад. 

Июль 20, 2015 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд