Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!

Июль 8, 2015 11:57

Бахшида ба Рўзи маъюбон ва пиронсолон                     

Кӯлоб,08.07.2015. (АМИТ»Ховар», Фарҳоди Мадамин).-Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июл ҳамчун Рўзи маъюбон ва пиронсолон таҷлил мегардад.  Дар робита ба ин  8 июл  дар Боғи фарҳангии шаҳри Кўлоб ҷашни мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб, ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» (роҳбараш Қаламниссо Абдуқаюмова), «Дунёи кўдакон» ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Кўлоб таҷлил гардид.
Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи амалисозии лоиҳаи муштараки Миссияи шарқ таҳти унвони «Бишнав  садои маро», ташкилоти «Мушфиқи маъюбон»,  Ассотсиатсияи кўдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Кўлоб ва Муассисаи хизматрасонӣ дар хона ташкил  шуд. 
-Ҳамзамон дар чорабинӣ маҳсулоте, ки бо дастони ашхоси дорои имконияти маҳдуд офарида шудаанд, ба тамошои ширкаткунандагон гузошта шуда, маблағи фурӯши онҳо ба рушди минбаъдаи ҳаракати маъюбон равона хоҳад шуд,- иброз дошт роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» Қаламниссо Абдуқаюмова.

 

 

Июль 8, 2015 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд