Гаронии нархи хонаҳои навсохт ба чӣ рабт дорад?

Июль 22, 2015 03:32

     Душанбе, 22.07. 2015,(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода гарон будани нархи хонаҳои навсохтро дар пойтахт, ки гӯё ба андозбандии калон рабт дорад, бепоя хонда гуфт, ки танҳо қариб 9 %-и андозҳо дар миқёси кишвар аз ҳисоби фаъолияти ширкатҳои сохтмонӣ ҷамъоварӣ мешаванд. «Ин раванд ба баланд гардидани нархи манзил асос шуда наметавонад»,- таъкид кард Н. Давлатзода. Мавсуф афзуд, ки алҳол дар   Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ширкат ба фаъолияти сохтмонӣ машғул буда, ҳаҷми андозсупории онҳо аз 8 то 12 %-ро ташкил медиҳад ва дар маҷмӯъ дар нархи хонаҳо аз ҳисоби пардохти андозҳо то 10% зам мешавад ва ин ба баланд гардидани гаронии нархи хонаҳо ягон робита  надорад. Агар 30- 40 % мешуд, сари ин масъала баҳс кардан ҷоиз буд, таъкид кард роҳбари мақомоти андози кишвар.
      Зикр шуд, ки то ба фурӯш баровардани хона  ширкатҳои сохтмонии ҷумҳурӣ аз 10 то 12% андоз месупоранд, яъне шурӯъ аз оғози кор-  аз қитъаи замине, ки барои  корҳои сохтмонӣ ҷудо мешавад то давраи ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ба фурӯш гузоштани хонаҳо. 
      Ҳамзамон раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ зикр кард, ки дар ин самт камбудиҳо вуҷуд доранд, мо кӯшиш карда истодаем, ки онҳоро давра ба давра ҳал намоем. Таъкид шуд, ки гаронии нархи хонаҳо пеш аз ҳама ба маблағ ва масолеҳи сохтмоние, ки ширкатҳои сохтмонӣ дар бунёди манзил аз он истифода менамоянд, инчунин сифати кор ва дигар хизматрасониҳо рабт дорад.  Ин дар ҳолест, ки алҳол як метри мураббаъ манзил дар биноҳои навсохти маркази Душанбе ва қарияҳои бонуфузи он аз 1000 $ болост ва мардуми оддӣ ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа имкони харидории чунин манзилҳои  гаронарзишро надоранд. 

 

Июль 22, 2015 03:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад