Хатсайри Хуҷанд-Истанбул фаъол мешавад
Хуҷанд, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, 3 августи соли ҷорӣ нахустхатсайри Хуҷанд — Истанбул фаъол мешавад. Директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» Маъруф Маҳмудзода гуфт, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо хатсайрҳои мунтазами ширкати ҳавопаймоии «Тurkish Airlines» аз рӯи хатсайрҳои Истанбул-Хуҷанд ва Хуҷанд-Истанбул ба кор оғоз мекунанд.
Ба гуфти М. Маҳмудзода: «Оғози парвозҳои мунтазам аз «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» бо зудии теъдоди парвоз ҳафтае ду маротиба ба «Фурудгоҳи байналмилалии Отатурк»-и шаҳри Истанбул, ки яке аз марказҳои транзитии пешрафтаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад, барои ба даст овардани алоқаи боэътимод аз Хуҷанд ба минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мусоидат мекунад.
Нахустпарвози тайёра дар хатсайри мунтазами Хуҷанд-Истанбул бегоҳии 3 август сурат мегирад








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






