Хисороти офати табиӣ дар Шуғнон 19 млн. 353 ҳазор сомониро ташкил дод

Июль 18, 2015 08:24

Душанбе, 18.07.2015. (АМИТ «Ховар»). -Бар асари чандин маротиба фаромадани ҳаҷми калони сел ва банд намудани маҷрои дарёи «Ғунд» ҳаҷми оби кӯли сунъӣ, ки дар натиҷаи обхезии 17 июл ба вуҷуд омада буд,  баланд гардида, дар натиҷаи  кандашавии сади ин кӯли сунъӣ 56 адад  хонаҳои истиқоматӣ пурра хароб гаштанд.
Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар Ориф Нозимов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки то соати 10:25 дақиқаи 18 июли соли 2015 дар деҳаи Барсем 41 адад, дар деҳаи Бердибекобод 3 адад ва дар деҳаи Колхозобод 12 адад хонаҳои истиқоматӣ пурра зарар дидаанд.
Инчунин бар асари ин офати табиӣ 6 мағоза, 1 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 2,5 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалидоштаи Хоруғ-Мурғоб, 2 километр роҳи аҳамияти маҳалидошта, 2 километр хатти интиқоли барқи баландшиддати 35 квт, 2 километр хатти интиқоли шиддатноки 10 квт, 5 адад мошинсарой, 3000 адад дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан, 6 адад автомашина, 6 адад ҷуйбори обёрикунанда, дар деҳаи Барсем ба масофаи 250-300 метр, 1 адад ҷуйбори обёрикунанда дар деҳаи Бердибекобод ба масофаи 950 метр,  2 адад пули  пиёдагард ва 2 адад пули мошингузар пурра хароб гаштаанд.       
Маблағи хисорот аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Шуғнон муайян карда шудааст, ки  айни замон тахминан 19 милиону 353 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ба аҳолии  деҳаҳо як тонна маводи хӯрока тақсим гардид. Аз ҷумла орд – 600 кг; шакар – 100 кг; биринҷ – 100 кг; макарон – 100 кг;
равған – 100 литр.

Июль 18, 2015 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст