Хизматрасонӣ ба киштиҳои ҳавопаймоӣ 12 % коҳиш ёфтааст
Душанбе, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар соли сипаришаванда муассиса ба 25 ҳазору 326 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизмат пешкаш намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 -3 557 адад, яъне 12%, камтар мебошад. Дар ин бора аз КВД «Тоҷикаэронавигатсия» хабар доданд.
Сабаби асосӣ- ин камшавии парвозҳои транзитӣ аз тариқи МН/МНЁ бинобар хуруҷи барномавии Қувваҳои ҳарбии ҳавоии НАТО (DOD) аз марзи Афғонистон ва камкунии теъдоди парвозҳо ба самти Федератсияи Русия аз ҷониби ширкатҳои ватаниву хориҷӣ аст. Сабаби дигар — набудани масирҳои фароқитъавии қулай дар Афғонистон барои ширкатҳои авиатсионие, ки тавассути фазои ҳавоӣ кишвари моро убур мекунанд, мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






