“Хона ба хона” дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 11.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои мақсаднокро аз ҳисоби занони фаъолу собиқадор, равоншиносон, ҳуқуқшиносон, табибон ва раисони маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таъсис дода, корҳои фардиро бо усули “Хона ба хона” ба роҳ мондааст. Ин амал бо мақсади омӯзиши сатҳи иҷтимоии оилаҳо, пешгирии омилҳои номатлуб ва дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани чорабиниҳои Соли оила роҳандозӣ гардидааст.
Тавре ки аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, корманди кумита Амина Мансурова дар маҳаллаҳои “Шафақ”, “Хоҷамбиёи поён”, “Хоҷамбиёи боло” ва кӯчаи Ҳабибулло Назарови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба оилаҳо рафта, бо тарзи зиндагии оилаҳои осебпазир ошно гардида, оид ба ҷараёни иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила ” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбату вохӯриҳо гузаронид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






