Хоруғ: нарх дар бозорҳо хеле паст шудааст
Хоруғ, 24.07.2015. (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан).-Бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани нархи махсулоти ғизоӣ дар бозори «20-солагии Истиқлол»и шаҳри Хоруғ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид, ки он ду рӯз идома хоҳад ёфт. Ёдовар мешавем, ки тӯли се рӯзи масдуд будани роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ нархи маводи ғизоӣ дар бозору мағозаҳои шаҳри Хоруғ бамаротиб боло рафт. Барои мисол қимати як килограмм помидору бодиринг аз севу ним сомонӣ ба 8 сомонӣ баромад. Як дона нони танӯрӣ, ки қаблан се сомонӣ арзиш дошт, то ба 6 сомонӣ расид. Масъулини бахши вилоятии «Тоҷикматлубот», яке аз дигар роҳандозони ин ярмарка, баён доштанд, ки ҳоло нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозор хеле пасттар шудааст. Масалан, нархи тарбуз барои як килограмм аз 5 то 10 сомонӣ, харбуза аз 5 то 10 сомонӣ, пиёз-2 сомонӣ, картошка аз 1,80 то 2 сомонӣ, бодирингу помидор- 2 сомонӣ барои килограмм муқаррар гардидааст. Дар ярмарка намудҳои дигари маҳсулоти кишоварзӣ низ ба фурӯш бароварда мешаванд. Қаблан чунин намоиш- фурӯши маводи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Рӯшон доир шуданд.
Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили чунин ярмаркаҳоро дар оянда низ дар назар дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






