Хуҷанд: 36 сӯхтор дар давоми шаш моҳ
Хуҷанд, 11.07.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар даҳрӯзаи аввали моҳи равон дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд се сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Тавре ки аз раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ду сӯхтор дар боми биноҳои баландошёнаи микроноҳияҳои 13 ва 18 ва як сӯхтор дар кӯчаи Самарқанд ба амал омада, хушбахтона, дар ин сӯхторхо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар умум, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳри Хучанд 36 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба амал омада, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ин нишондод 6 ҳодиса зиёд мебошад. Зарари умумии сӯхторҳои рухдода зиёда аз 90 ҳазор сомониро ташкил дода, бар асари шумораи умумии сӯхтор танҳо 1 нафар талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ба гуфти манбаъ, яке аз сабабҳои асосии сар задани сӯхтор — ин беэҳтиётӣ нисбат ба оташ, истифода ва насби нодурусти ноқилҳои барқӣ ва нодуруст истифода бурдани таҷҳизоти гази моеъ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






